ЗӢ ИТТИҲОДУ ДӮСТИ ОБОД МЕҲАН МЕШАВАД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мо мардуми сарбаланду соҳибтамаддуни миллати тоҷик аз қадим ҳамчун мардумони ободкору созанда шинохта шудаем, ки ин роисолати аҷдодии хешро то ба имрӯз анҷом дода истодаем.

Ҳар як гӯшаи диёри Тоҷикистони азиз зери сиёсати ободкоронаву созандаи Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз зебову дилоро гашта, дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳравҳо, гулгашту хиёбонҳо ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми шоёну шоиста мегузоранд.

Аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон низ баҳри иҷрои рисолати шаҳрвандии хеш дар ободии диёр саҳми муносиб  гузошта, ободкориву созандагӣ ва хуррамиву сарсабзиро рисолати азалии хеш мепиндоранд.