ВАРЗИШРО-“ТАНИ СОЛИМ-РӮҲИ СОЛИМ” ГУФТААНД

Балҷувон: Андеша  

Новобаста ба давру замон, шароити таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор мерафт ва доимо такмил ва рушд меёфт, зеро «Тани солим-рӯҳи солим» гуфтаанд.

Дар воқеъ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.

Дар робита ба ин, пайдо намудани маълумот оиди фоидаи ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шудан аз манфиат холӣ набуда, барои ҷалби бештари одамон ба ин омили тандурустӣ бисёр муҳим мебошад.
Мувофиқи тадқиқоти олимони соҳаи тандурустӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаёту саломатии инсон чунин мафиатҳои зарурӣ мерасонад:
1. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш масунияти баданро баланд мебардорад. Ба таври доимӣ ба варзиши бадан машғул шудан, бактерияҳоро ба воситаи роҳҳои нафаскашӣ берун месозад ва инчунин баданро аз ангезаҳои бегона ҳифз намуда, бо бемориҳо мубориза мебарад.
2. Фаъолияти ҷисмонӣ ба баланд шудани сатҳи дарозумрии одамон мусоидат мекунад. Дар як ҳафта 7 соат машғул шудан бо варзиш 40% хатари марги бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

3. Фаъолияти ҷисмонӣ барои паст намудани хавфи баъзе аз намудҳои бемории саратон мусоидат мекунад. Аз рӯи нишондоди ҷамъияти онкологии амрикоӣ аз се як ҳиссаи ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон ба истифодаи нодурусти ғизо ва набудани фаъолияти ҷисмонӣ вобастагӣ дорад.

4. Тамринҳои доимӣ хавфи пайдо гаштани аломатҳои эҳсосиро паст мегардонад ва дар муқовимат бар зидди изтироб ҳангоми кор кӯмак мерасонад.
5. Машқварзӣ баҳодиҳӣ ва ҳисси бовариро ба худ ривоҷ медиҳад.
6. Машқҳои ҷисмонӣ нерумандиро афзуда, меъёри эндорифинро баланд мебардорад, ки дар натиҷа болоравии хушҳолии дурудароз ва устувор падид меояд.

7. Пайваста бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан, барои мубориза бо тарсу изтироб манфиатнок аст.

8. Тамринҳо барои беҳтар намудани кори системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин исбот шудааст, ки шуғл варзидан ба машқҳои ҷисмонии сабук барои кори дил аз манфиат холӣ нест.
9. Гарчанде, ки ақидаҳо дар бораи фоидаи машқҳои ҷисмонӣ барои баланд бардоштани метаболизм (мубодилаи моддаҳо) мавҷуд аст, он инчунин барои паст намудани колория (ғизонокӣ) мусоидат менамояд.

10. Тамрини шакли вазнин ба ҳолати устухонҳо ва мушакҳо таъсири мусбат мерасонад.

11. Тадқиқот исбот кардааст, ки варзиш метавонад, шамолхӯрии роҳҳои нафаскаширо барои одамони дорои бемории диққи нафас паст намояд.
12. Варзиш тақрибан ду маротиба зиёдтар гардиши хунро дар бадан таъмин менамояд.

13. Пайваста ба варзиш машғул будан, аломатҳои тарсу воҳимаро бартараф мекунад.

14. Фаъолияти ҷисмонӣ қобилияти рафъ намудани диабети қанди дараҷаи дуюмро дорост.

15. Тамринҳои варзишӣ барои баланд бардоштани холестирини мусбат ва паст гардонидани холестирини манфӣ нақши муҳим мебозад.
16. Аэробика хотираро мустаҳкам менамояд. Аз ин рӯ он барои калонсолон манфиатовар аст.

17. Варзиш барои бароҳат хоб рафтан, кӯмак мекунад.

Мирзоев Тоҷиддин- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Варзишгарон"-и ноҳияи Балҷувон.