РОҲАНДОЗИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МДНРА”-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

    Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ-шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро пурра ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.

                                                                                                        Паём 28 декабри соли 2023

Дар партави сиёсати ободкорона ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА” дар ноҳияи Балҷувон корҳои назаррасеро ҳамарӯза ба анҷом расонида, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва маҳаллӣ тадбирҳои саривақти  меандешанд. Зеро ки сохта ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.