ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

    Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамоянд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст.

                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дошта, ҳамчун соҳаи калиди арзёби гардидааст. Ҳамин аст, ки баҳри ба таълим фаро гирифтани насли наврас ва бархурдор гардидани онҳо аз илмҳои замони муосир ва ба талабот ҷавобгӯ, дар саросари мамлакати азизамон мактабҳои нав ва синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Чунин як иқдоми наҷиб дар МТМУ №4 ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон роҳандози гардидааст, ки барои ба таълим фаро гирифтани хонандагон ва дар шароити хуб аз худ намудани донишҳои замонавӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад.