ЭҲТИРОМИ ҚОНУН РИСОЛАТИ МОСТ.

Восеъ: Андеша  

Тарбияи ҳуқуқии шаҳарвандон ва маърифатнокии онҳо дар ин самт аз мавзуъҳои меҳварии ҳамешагии Паёмҳои Пешвои муаззами миллат мебошад, зеро ки ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги волои ҳуқуқии шаҳрвандон тақозои замони муосир аст ва дар ин замони пур аз моҷароҳои сиёсӣ ҳамон қавму миллате дастболо мемонад,ки шаҳрвандонаш дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ҳасту қонунҳои амалкунандаи кишварашро эҳтиром менамояд.Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳон ва торафт фаъол гаштану доман паҳн намудани гурурӯҳҳои ифротию террористӣ назди ҳама давлатҳо вазифа мегузорад,ки фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони хешро баланд бардоранд ва онҳо донанд,ки рисолати шаҳвандиашон дар назди халқи худ ва ватани худ аз чӣ иборат аст. Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат ба накӯи дарк намуда, дар Паёми имсолаи хеш 28-уми декабри соли 2023 дар ин мавзуъ моро ҳушдор дода бо як ҳисси баланди ватандӯстона гуфта буд: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад,сафарбар намоянд.»

Боиси ифтихор ва сарфарози аст,ки барои боз ҳам боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки заминаи ҳамаи пешравию комёбиҳои кишвар мебошад, соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат «Соли маърифати» ҳуқуқӣ эълон гардид.

Қобили зикр ва гуфтори махсус аст,ки Президенти кишвар бо назардошти ҳамаи паҳлуҳои кор фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишварро дар сиёсати хеш аз мавзуъҳои меҳварӣ дониста , дар ин самт пайваста санаду қарорҳои дахлдор қабул намудааст. Чунончи бо фармони Пешвои муаззами миллат дар боби дониши баланди ҳуқуқи доштани шаҳрвандони кишвар чандин қарору барномаҳои дахлдор қабул гардид,ки дар самти волоияти ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши калиди бозид :«Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 , № 691 », «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тиарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми августи соли1997 ,№ 383, «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, №272, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» аз 29-уми апрели соли 2009 , №253 ва боз даҳҳо барномаҳои дигар далели гуфтаҳои боло мебошанд, ки дар тарбияи ҳуқуқии мардуми мо нақши калиди бозидааст. Дар ин ҷо ҳамин нуктаро гуфтан ба маврид аст ,ки таъсири ҳамин барномаҳои сатҳи давлатӣ буд,ки мардуми кишвари мо рисолати хешро дар назди халқу ватан ба хуби дарк намуда, дар солҳои ҷанги таҳмили силоҳ аз даст афкандаю дигар бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯ нагардида дар атрофи роҳбари давлати худ муттаҳид гашта, даст ба ободкориҳо заданд.

Ҳоло дар кишвар баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амал карда истодааст. Бояд хотиррасон намоем,ки дар кишвар барои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз даврони мактабхонӣ диққат дода меоянд, ҳоло дар муассисаҳои таълимии кишвар таълими фанҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ » ва «Ҳуқуқи инсон» ба роҳ монда шудааст,ки таълими онро омӯзгорони соҳибихтисос ба зима доранд.

Мусаллам аст,ки пайваста боло бурдани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар дар шароити то рафт авҷ гирифтани муноқишаҳои сиёсӣ ва ҷаҳон ба манфиати кор буда, рисолати шаҳрвандонро дар самти худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми қонунҳои амалкунандаи кишвар сайқал медиҳад, онҳоро аз ҳаргуна каҷгуфторию каҷрафторӣ ва гаравидан ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нигоҳ медорад .

Дар ин замони пур аз тазодҳо ва печидагиҳои сиёсӣ мо аҳли маорифчиёни кишварро лозим аст,ки баробари кормандони соҳаи ҳуқуқии кишвар дар ин самт хеле фаъолу маъсулиятшинос бошем. Зеро хонандаи имрӯза мо ҳар қадар ҳуқуқҳои хешро чун шаҳрванд дарк намояд, оянда хешро дар ҳифзи марзу буми ватан маъсулу вазифадор медонад.

Дар ин самт мо аҳли маорифи ноҳия дар асоси нақша чорабиниҳои тартиб додаамон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти мазкур дар байни хонандагону волидони онҳо ба роҳ мондаем, ҳоло дар баробари аз фанни ҳуқуқ ба хонандагон дарс гуфта дар ин самт чорабиниҳои алоҳида гузаронида истодаем. Дар ҳамаи муассисаи таълимии ноҳия гӯшаҳои ҳуқуқ ташкил карда шудааст,ки онҳо бо ҳама маводҳои зарурӣ таъмин мебошанд. Ҳамзамон озмуни «Ҳуқуқдони беҳтарин» дар муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Омӯзгорони муассисаҳои таълими дар ин самт дар рӯзномаҳои «Навиди омӯзгор» ва «Гулхани Восеъ» пайваста мақолаҳо менависанд.

Дар раванди тадбиқшавии талаботҳо дар боби баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шарвандон ва сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ин гуфтаҳо барои мо маорифчиёни ноҳия ҳади охир набуда , дар ин боб боз бисёр чорабиниҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифтаем, ки ҳиссаи мо кормандони соҳаи маорифи кишвар дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум мебошад,ки ҳадафи асосии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» низ аз ҳамин иборат аст.

Орифзода М.Қ-Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ аъзои фаъоли ҲХДТ.