Вохӯрии судманд вобаста ба масъалаи таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои мубрам.

Восеъ:  

Дар толори муассисаи таълимии №1-и нохияи Восеъ маҷлиси вохӯрии судманд бо падару модарон ва хонандагон гузаронида шуд.Зимни баромадҳо иброз гардид, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми харсолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кўдакон ва наврасон дар оила ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд.Дар идома масъулон оиди масъалаҳои мубрам аз қабили пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», риояи қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ҷоҷикистон ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.