"ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

Восеъ:  

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Санаи 26.04.2024 дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ низ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузаронида шуд. Озмуни мазкур дар як сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён баҳои муносиб гузошта шуд.