ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА САЛОМАТИИ ИНСОН!

Восеъ: Андеша  

Авалин телефонхои мобили ҳануз 22 сол пеш дар давлати Шветсия пайдо шуда буданд. Телефони мобили бо ҳаёти мо зич пайвастааст. Тибки ҳисоботҳои омории операторҳои алоқаи бесим такрибан 70 дарсади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дакика дар як руз гуфтугу мекунанд;

30 дар сади одамон 2-тои телефони хамрох (мобили ) доранд ва мунтазам аз онхо истифода мебаранд;

40 дар сади шахрвандони мо шабона хангоми хоб телефонхояшонро дар масофаи камтар аз 0, 7 метр, назди сарашон мегузоранд. Хол он, ки хамин телефони хомуш низ доимо бо истгохи базави дар алока мебошад;

Факад 20 дар сади истифодабарандагон медонанд, ки телефони мобили ба инсон аз хад зиёд зараровар мебошад. Телефони мобили бевосита бо магзи сари мо сарукор дорад ва чанд маротиба таъсири зарари майдони электромагнитиро ба магзи сар зиёд менамояд. Тагйироти начандон калони магзи сар метавонад ба тамоми организми инсон таъсири бузург расонад.

Имруз шумораи зиёди чавонон аз хира шудани чашмонмонашон шикоят мекунанд. Хангоми зиёд ва аз наздик нигох кардан ба экрани телефон он нури чашмро хира мекунад.

Кудак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад чун, ки организми кудак нисбат ба одами калонсол обутобнаёфта мебошад.

Бинобар таткикоти як нафар мутахассиси сохаи магнитобиология Рочер Когхилл, хангоми сухбати беш аз 25 дакика тарики телефони мобили дар як руз инсон ба дарди сар гирифтор шуда, эхсоси хастаги ва камхаракати мекунад, шахс барои баркароршавии организми худ бояд аз 8 то 14 соат истирохат кунад. Дар чунин маврид шумораи унсурхои сафед дар таркиби хун кам мешавад. Хамчунин афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натича шахс сардард ва дилаш бехузур мешавад.

Олимон инчунин кашф намуданд, ки пас аз сухбат бо телефон шахс камтаваччух гашта, фикрхояш парешон мешаванд. Агар 10 сол пеш 50-70 нафар дар 1 сол бо бемории омоси майнаи сар ба табибон мурочиат мекарданд, солхои охир теъдоди чунин беморон ба 200- 300 нафар расидааст.

Хангоми харид бояд ба мавчудияти сертификати мутобикати ин ё он навъи телефони ва ба бузургии сатхи тавоноии афканишоти эктромагнити(SAR) диккат дихем.

Ба пеш омодани зарурат аз телефони мобили истифода набарем;

дар хона ва ё корхона аз телефони одии симдор истифода намоем;

бештар аз ( SMS) истифода барем; истифодаи телефонхои мобили барои кудакон ва наврасони то 16 сола бояд махдуд карда шавад;

занхои хомила аз давраи мукаррар гаштани аломати хамл аз телефонхои мобили истифода набаранд;

кушиш намоем телефонро камтар дар чайбамон гузорем, бехтараш онро дар сумка нигох дорем;

дар хона онро дар масофаи зиёда 70см аз худ дур гузорем, хусусан хангоми хоб ин хеле мухим аст;

Худ ва наздиконатонро оид ба зарару манфиатхои телефони мобили огох намоед, чунки оилаи солим асоси пешрафти чомеа мебошад.

Ф. Неъматзода-мудири бахши кор бо чавонон ва варзиши нохияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ