Оддати китобхонӣ!

Восеъ: Андеша  

Китоб хондан ва одати китобхонӣ доштан падидаҳои куллан аз ҳам фарқкунанда мебошанд. Ҳарчанд инсон ҳаваси китобхонӣ дошта бошад ҳам, вале касб кардани одати китобхонӣ ба монанди тамринҳои давомноки варзишӣ кӯшиши зиёдро талаб мекунад. Аксарият орзу доранд, то ки одати китобхонӣ дошта бошанд. Аммо ҷилд-ҷилд китобҳои дар раф қарордошта инсонро ба ваҳм андохта, алангаи хоҳишро дар ӯ мекушанд. Баъзан, “ҳарчӣ бошад матлабҳои зиёди хабарӣ ва ҳар матни дар сомонаҳои интернетӣ писандидаро мехонам-ку” гуфта, худро тасалло мебахшем ва ҳамин тавр гӯё аз хониш баҳравар гаштанамонро дарак медиҳем. Ҳол он ки чунин одати хабархониву интернетнишинӣ бо одати хониши мунтазам ҳеҷ рабте надорад. Бнинобар омор дар Аврупо аз 100 нафар 21 кас одати давомноки китобхониро доштааст. Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон чунин тадқиқот гузаронида нашудааст, вале агар ҳадди ақал ин нишондод аз 100 нафар 10 касро ташкил диҳад, умед аз мавҷудияти заминаи ҷомеаи фарҳангӣ то ҳол вуҷуд дорад. Новобаста ба омор ва вазъи китобхонии ҷомеаи тоҷикистонӣ, хостем як қатор тавсияҳои барои нафарони китобдӯст ва онҳое, ки мехоҳанд чунин одати хуби самарабахшро касб кунанд, дарҷ намоем: 1. Чӣ навъ китобҳоро хондан мехоҳед: Аввалан бояд рӯйхати китобҳоеро тартиб дод, ки хониши жанр ва ё нависандаи он бароятон завқовар аст. Аксар китобхонҳо роман, детектив ва ё хониши ҳикояҳои кӯтоҳро дӯст медоранд. Дигарон майли бештар ба хониши навъи китобҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, диншиносӣ ва ё китобҳои касбиву мотиватсионӣ доранд. Вале агар то ҳол барои худ жанри дилписандро интихоб накарда бошед, бо китобхоне машварат карда, доир ба завқ ва машғалаҳоятон бо ӯ сӯҳбат кунед. Чунин шахс метавонад бионбар завқи шумо китоби хуберо барои хониш тавсия намояд.

Дар мадди аввал китоберо интихоб кунед, ки хонишаш равону қулай бошад ва ҳаҷмаш 200 саҳифаро нагузарад.

2. Бо худ доим китоб дошта бошед: Вақти мувофиқи китобхонӣ барои ҳама гуногун буда метавонад. Касе мехоҳад пагоҳии рӯз китоб хонад ва дигарӣ бегоҳӣ пас аз анҷоми машғалаҳои рӯзмарра. Ҳамчунин баъзе дӯст медоранд, ки ҳангоми ба кор ва ё дарс рафтан дар дохили нақлиёт китоб хонанд. Азбаски завқи китобхонӣ бо вақти муайян маҳдуд нест, хуб мешавад, ки ҳамроҳ доим китоб гардонед. Аз он ки ҳангоми сафар ва ё дар ҷое интизорӣ кашида бекор нишинед, бо хониш машғул шуда, худро дар оламҳои гуногуни адабиву хаёлӣ ва ё саргарми афзоиши малакаҳои касбиву башарӣ пайдо кунед.

3. Доир ба китобхонӣ маслиҳат пурсед: Чӣ тавре дар боло зикр гардид, аз ашхоси китобхони ботаҷриба доир ба китобҳои мехондаатон маслиҳат пурсед. Чун завқҳо гуногунанд, баъзан як нафар то андозае ки аз китобе хуш мекунад, дигариро ҳаяҷон намебахшад. Хусусан аъзои гурӯҳҳои китобхонӣ шудан, метавонад раванди китобхониро рангинтар созад. Чунин гурӯҳҳоро метавон дар фазои сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳам пайдо намуд. Ҳамчунин шумо метавонед аъзои китобхонаҳои маҳаллӣ шуда, дар доираи ҳамон муассисаҳо чунин гурӯҳҳои китобхониро ташкил намоед.

4. Китобҳои электронӣ: Ҳоло ки дар қарни технологӣ қарор дорем, китобҳо низ ба олами рақамӣ аллакай роҳ ёфтаанд. Баъзан баҳонаи шахс чунин буда ҳам метавонад, ки китоби лозимаашро дар шакли чопӣ пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ худро дар масофаи дур аз китобхонӣ медорад. Имрӯзҳо ҳамагон дар даст аз қабили телефонҳои мобилӣ, планшетҳову компютерҳо ҷиҳозҳои электронӣ доранд, ки имкони хониши китобҳои электрониро медиҳанд. Дар фазои интернетӣ аллакай китоби дилхоҳро дар шакли рақамӣ ҳам ройгон ва ҳам бар ивази маблағи начандон гарон пайдо кардан мумкин аст. Ҷиҳозҳои электронии хос барои китобхонӣ истеҳсолшуда, аз қабили Kindle, Sony Reader, Kobo ва ғайра метавонанд одати китобхониро дар шахс тақвият диҳанд. Маҳз интихоби ба ин монанд ҷиҳозҳо диққати касро сирф ба хониш тамаркуз намуда, боиси ба осонӣ касб намудани одати китобхонӣ мегарданд.

5. Китобҳои савтӣ: Онҳое, ки мухлиси хониши осори классикӣ ҳастанд, дар мадди аввал метавонанд асарҳои дилписандашонро савтӣ гӯш кунанд. Зеро бештари китобҳои нависандагони классикӣ аллакай дар шакли савтӣ мавҷуданд. Аз чунин имкон ҳамагон метавонанад ба осонӣ истифода баранд. Хусусан барои онҳое, ки дар нақлиёт барояшон китобхонӣ душвор аст, шакли савтии китобро тариқи ҷиҳози электронӣ ва ё магнитафони мошин ҳангоми роҳ рафтан ва сафар кардан гӯш кунанд. Вале набояд ба ин усули “хониш” авлавият дода, одати аслии китобхонии доимиро тарк кард. Афсӯс, ки классикони адабиёти тоҷик то ҳол ба олами савтӣ-рақамӣ роҳ наёфтаанд. Эҳтимол аз ин ҷост, ки ҷавонон ба хониши осори гузаштагон завқ ва майле надоранд.

6. Ширкат дар гурӯҳҳои китобхонӣ: Агар имкон бошад, пас ҳатман дар гурӯҳҳои китобхонӣ, ки доим бо ҳам омада китобҳои хондаашонро мутолиа мекунанад, ширкат намоед. Ва ё нафарони ҳамзавқу гуногунандешро пайдо намуда, гурӯҳи китобхонии худро ташкил намоед. Дар чунин гурӯҳҳо аввалан аз мутолиаи китобҳои даркашон сабуктар оғоз намуда, қадам ба қадам барои мутолиаи осори душворфаҳм гузаред. Чунин гурӯҳҳои китобхонӣ касро илҳом бахшида, ҳаёти инсонро ба низом медароранд. Ҳамчунин раванди мубодилаи афкор касро малакаи зиёди касбиву ҳаётӣ медиҳад.

 7. Барои китобхонӣ вақти муайян ҷудо кунед: Агар дар давоми рӯз барои китобхонӣ вақти муайян ҷудо накунед, одати доимии китобхониро дар худ тарбия дода наметавонед. Аксари онҳое, ки мегӯянд барои китобхонӣ вақти холӣ надоранд, ашхоси беинтизом мебошанд. Чӣ тавре ки идора ва танзими сармоя дониш талаб мекунад, танзими вақт низ маърифати лозимаро мехоҳад. Чунин “китобхонҳои серкор” сараввал бояд доир ба танзими вақт адабиёти лозимаро варақ зананд. Танзими вақт танзими ҳаёт аст. Ва шахсе, ки ҳаёташро ба танзим медарорад, барои афзудани дониши мавҷудааш, барои китобхонӣ ҳатман вақти лозимаро пайдо мекунад.

 8.Маъракаҳои китобхонӣ ташкил намоед: Дар вақти таътилҳои зимистонаву тобистона дар маъракаҳои китобхонӣ иштирок кунед ва ё ҳатман чунин маъракаро ташкил намоед. Чунин маъракаҳои китобхониро метавон ҳамроҳи рафиқон ва ё афроди оила ташкил намуд. Ду-се рӯз берун аз шаҳр баромада, замони сайру гашти табиатро бо китобхонӣ зери гумбади кабуд омезиш дода, шабона дар назди оташи афрӯхта зери чашмакзании ситораҳо маводи дар давоми рӯз хондашударо мутолиа кунед. Ташкили чунин лагерҳои китобхонӣ барои талабагони макатабхон ва донишҷӯён ҳам муфид хоҳад буд. Агар имкони аз шаҳр берун баромадан набошад, дар ҳар маҳалла боғҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои обдори сояафкани истироҳатӣ мавҷуданд, ки дар он ҷо метавон бо ҳаловат ғӯттаи китобхонӣ шуд. Агар ҳаво сард бошад, муҳити ҷолиби китобхониро дар ҳавлии худ ва ё ҳавлии рафиқону хешовандон ҳам фароҳам овардан мумкин аст. Ҳамчунин бо садорат ва намояндагони шаҳрдории ҷойи истиқомат машварат намуда, барои ташкили чунин маъракаҳои китобхонӣ дастгирии онҳоро метавон хоҳиш намуд. Ташкили чунин маърака барои мақомоти маҳаллӣ ҳам қулайтар ва ҳам лозимтар аст. Зеро шаҳрванди бофарҳангу соҳибшуур дастёри сардор ва раисони оқилу дурандеш мебошанд.

 9. Барои китобхонӣ вақт ҷудо кунед!: Яке аз сабабҳои дигаре, ки одамон ба китобхонӣ завқ надоранд, ин сустхонӣ ва ё бо суръати ҷиддан оҳиста хондани китоб аст. Бинобар омор суръати миёнаи матнхонии мақбул ба 120-180 калима дар як дақиқа баробар аст. Бо дарсҳо ва тамринҳои махсуси тезхонӣ суръати мазкурро метавон то 2-3 маротиба зиёд намуда, дарки муҳтавои матни хондашударо васеътар кард. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки дар нақшаи таълимии мактабҳои миёна дарсҳои махсуси омӯзиши тезхонии матн ҷорӣ карда шавад. Зеро дида мешавад, ки имрӯз омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ талабаро маҷбур мекунанд, ки китоб хонад. Вале агар талаба малакаи тезхонии матнро баланд бардорад, вай аз хониш завқ гирифта, ҳоҷат ба маҷбур карданаш намемонад. Илова ба ин марказҳои таълимиву забономӯзӣ низ атрофи ҷорӣ намудани курсҳои тезхонии матн ҷиддӣ андеша кунанд. Ин ба муассисаи онҳо даромади иловагиро дода метавонад. Чунин курсҳои тезхонии матн дар аксар кишварҳои мутараққӣ солҳои тӯлонӣ боз ба роҳ монда шудаанд. Вале аз чӣ сабаб аст, ки ворисони мардони абарқудрат, ки роҳи башариятро бо осори хеш ба самти рушди илмӣ-маънавӣ роҳбалад шудаанд, дар ин ҷода ҷаҳд надоранд. Мо доим иброз мекунем, ки Ҳофиз дорему Беруниву дигару дигар, вале чанде аз “зиёиён”-и муосири ватанӣ ақаллан аз хониши осори онҳо баҳравар гашта, болои гуфтаву навиштаҳои онҳо тафаккур карда, дониши нав ба миён гузоштаанд? Бе шак, чунин насли олуфтаи заифҳиммат мероси фарҳангӣ-илмии худро соҳибӣ карда наметавонад ва худи он абарқудратон аз “наберагон”-и китоббезор безоранд. Муддати омӯзиши чунин курсҳои махсуси тезхонӣ ҳамагӣ 5-6 моҳро талаб мекунанд, вале метавонанд умри 50-60-соларо пурфайзу бобаракат гардонанд. Ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаи тезхонӣ китоб ва осори зиёд мавҷуд аст, ки ҳар нафар метавонад аз онҳо мустақилона истифод барад. Аз ин рӯ сараввал бояд хоҳиш ва иродаи қавӣ дошта бошед.

10. Синамо ва шавқи китобхонӣ: Баъзеҳо китобхони танбал бошанд ҳам, вале тамошокунии филмро дӯст медоранд. Аксар сенарияҳои филмҳои олисифат ҳатман аз китобе ба навор гирифта шудаанд. Барои ҳамин қабл аз он ки филмеро тамошо кунед, сараввал китобашро хонед. Бигзор мукофоти китобхониятон тамошои филми ҳунарияш шавад. Хусусан филмҳое, ки аз рӯйи китобҳои нависандагони классикӣ ба навор гирифта мешаванд, хониши китобҳояшон завқовар хоҳад буд. Мактаббачагонро низ метавон бо усули зайл ба китобхонӣ одат кард. Қабл аз он ки кӯдак ба ягон намоиши театрӣ ва ё филми ҳунарӣ ё бадеӣ равад, хониши китобашро шарт гузоред. Ва ҳатман баъд аз хониши китобу тамошои саҳнаи театрӣ ва ё филм асарро бо ӯ мутолиа намоед, ки то куҷо наворбардорон ва ё саҳнагузорон барои акси муҳтаво ва мазмуни китоб муваффақ шудаанд. Баъзан чунин ҳам буда метавонад, ки сюжети филм ва ё саҳнаи театрӣ беҳтар аз худи асар ба миён гузошта мешавад.

11. Қайду тавзеҳот ҳангоми китобхонӣ: Робитаи хешро бо китоби мехондаатон боз ҳам қавитар созед. Аз он ки китобро хонда, баъд ба як кунҷи раф партоед, беҳтар мешавад, ки ҳангоми хониш сатрҳову лаҳзаҳои бароятон маъқулро дар дафтарчаи қайдҳо сабт намоед. Ва ё дар ҳошияи китоб доир ба сатр ва ё фикри муаллиф шарҳи худро навишта, баъдан онро ба дафтаратон рӯбардор кунед. Ҳатто баъд аз итмоми хониши китоб доир ба асар фикру мулоҳизаҳои хешро васеътар навишта, дар блоги шахсӣ ва ё саҳифаи сомонаҳои иҷтимоӣ барои хониш ва ҳамчун тавсия ба дигарон дастрас намоед. Агар имкон бошад, ҳатман бо муаллифи асар ба тамос баромада, ӯро доир ба таассурот ва бардошт аз китоби хондашуда хабардор намоед.

Убайдзода Сиёвуш-аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Восеъ