ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОБАСТА БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Восеъ: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ва расидан ба сулҳу оромӣ ва субот танҳо ба ҳалли мушкилотҳои ҷомеаи Тоҷикистон балки ба ҳалли мушкилотҳои ҷомеаи башарӣ ғамхориҳо зоҳир намуда баҳри пешгири ва бартараф намудани онҳо ташаббусҳои хирадмандонаву созандае пешниҳод намудааст ва дар арсаи ҷаҳон ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ташаббусҳои оламшумули сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша дониста мешавад.Мақсад аз ташаббусҳо ин аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва бо суръати баланд об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Президенти кишвари мо аз даҳҳаи аввали асри XX пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида ба талафоти зиёди ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад.Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати пешниҳод ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуда буд,14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, қабул кард.Ин ташаббуси хирадмандона бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ шавем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост

Сомон Орифзода –аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Восеъ