«ОБ САФОИ ЗИНДАГӢ"-ДАР ҲОШИЯИ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ.

Восеъ: Андеша  

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ давлати ташаббускор ба шумор рафта, на танҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсии худ, ҳамзамон дар самти рафъи мушкилоти глобалӣ, дар ҷаҳон мавқеи намоёнро доро мебошад. Иқдому ташаббусҳои созанда, аз ҷумла ҳифзи сарватҳои табиӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, гирифтани пеши роҳи истихроҷи газҳои гулхонаӣ ва партовҳои саноатӣ, ифлосшавии муҳити зист, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир роҳандозӣ гардиданд, мавқеъ ва нуфузи кишвари моро дар миёни кишварҳои ҷаҳон боло бурда, собит намуд, ки Тоҷикистон дар баробари манифатҳои худ, ба дигарон низ эҳтиром гузошта, манфиатҳои онҳоро низ ҳифз менамояд. Аз ҷумла ташаббуси навбатии Сарвари давлат ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта якдилона пазируфта шуда, бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид расмияти ҷаҳонӣ пайдо кард, обрў ва мавқеи Пешвои миллати Тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд. Рӯзноманигор Убайдзода Сиёвуш дар идома зикр намуд, ки то қабул гардидани қаътномаҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, аҳолӣ аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашид. Ҳатто обҳоеро истеъмол мекарданд, ки қобили истифода набуданд ва манбаи пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мешуданд. Масалан дар сайёра дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомидани ба 2,2 - 2,4 милиард аҳолии кураи замин рост меомад ва пас аз қабули чунин ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ сол то сол дастрасии сокинон ба оби ошомидании беҳтар гардида истодааст.

Қабул гардидани қатъномаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масоили экологии дохилӣ ба сатҳи байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Имрӯз дар баробари дастраси ба оби тозаи ошомидани инчунин таваҷҷуҳи тамоми саёраи замин ба пешгири аз омилҳои тағйирёбии иқлим равона шудааст. Зеро солҳои охир мушоҳида мешавад, ки тағйирбии иқлим босуръат идома дошта дар натиҷа ба обшавии пиряхҳо, баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо, гармшавии глабалӣ ва амсоли ин мусоидат менамояд.Сол ба сол гармшавии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо шуда, аллакай пайомади он дар баъзе гушаву канори сайёра мушоҳида мешавад. Тавре ки аз таҳлили коршиносони масоили экологӣ ва пажуҳишгарони соҳаи пиряхшиноси бармеояд солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст,ки дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст,ки коршиносон сабаби инро пеш аз ҳама ба ҳавои адмосфера партофтани ҳаргуна ахлодҳо медонанд. Маҳз ҳамин мушкилиро баназар гирифта 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.Мавриди ёдоварист, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ва мояи ифтихору сарфарозистми мо Тоҷикон аст,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сокинони кишвар, барои дастрасии сокинони сайёра ба оби тоза ҳамеша талош намуда, бо пешниҳодҳои сатҳи байналмилалии хеш Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун меҳвари ташаббусҳои созандаю оламгир муаррифӣ менамоянд.

Неъматзода Ф.-аъзои фаъоли ҲХДТ