ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!

Восеъ: Вокуниш  

Ифротгароӣ ва терроризму экстремизм худ ба худ зуҳур накардаанд, онҳоро ба вуҷуд овардаанд.Ин суоли мантиқӣ низ худ ба худ пайдо мешавад: киҳо онҳоро ба вуҷуд овардаанд ва чаро?

Ислом дини ноб аст,саропо бозгӯйи ахлоқи ҳамидаву тарбияву адаб аст,аммо солҳои охир доираҳои манфиатдору абарқудрат ин динро мехоҳанд барои ниятҳои пасипардагии худ истифода баранд.Гурӯҳҳои тундраву ифротиро доираҳои манфиатҷӯ таъсис додаанд, онҳо ба эҳсоси динии одамон нохун задаву аз ноогоҳиву бесаводиашон истифода карда, экстремизму террорист тайёр карданд.Сараввал ба мағзшӯйи онон пардохтанд ва дар баъзе мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ин гумроҳонро аз нуқтаи назари идеологӣ - ғоявӣ омода карданд.Ин одамонро ҳамин тавр меомӯзонанд, ки таассубу хурофотро чун ҳақиқати ягона қабул мекарданд.Таассуб ҳамчунон дар рагу хунашон реша давонидааст, ки " шаҳид" будану "шаҳид" шуданро амри воқеӣ меҳисобанд ва дар ин ҷода ҳатто аз якдигар пешдастӣ меҷӯянд.Аз ин ҷост,ки миёни террористону эксремистон ин шахсон-"пешмаргон" низ зиёданд ва дар инфиҷору куштори одамони бегуноҳ аз онҳо истифода мебаранд.Доираҳои манфиатҷӯ гӯрруҳои террористу экстремистиро асосан аз ҳисоби ҷавонон таъсир медиҳанд.Гоҳе. наврасон,ҳатто ноболиғонро ҳам ба ин гӯрруҳо шомил менамояд, саҳеҳаш,бо роҳи фиреб,ваъдаи биҳишту мартабаи "шаҳид" ба гурӯрҳои тундрав ҷалб месозанд.Қисмате аз ҷавононро молу пули бедардимиён ба худ мекашад,зеро барои ин тоифа сарват аз ҳама чизи дигар болову воло буда,муқаддасоте барояшон вуҷуд надорад.Вале аксари аъзои созмонҳои ифротиро ҷавононе ташкил медиҳанд,ки бесаводу ноогоҳанд.Ҷавонони содаю аз илму дониш бехабарро фирефтану ба доми худ кашидан мушкиле ба миён намеорад ва дар каллаи холиашон ҷой додани ҳама гуна ақидаҳои ифротгароёна барои "устодон"- ашон айнимуддаост. Аз ин ҷост, ки дар ҳар минтақа, бахусус, кишварҳои мусулмоннишин пайдо кардани ин гуна ҷавонон кори душворе нест.Мубориза зидди терроризму экстремизм фақат кори давлату мақомоти дахлдор нест,вазифаи шаҳрвандиву маънавии ҳар фарди кишвар аст,якҷоя ҳама гуна хатару таҳдидро метавон барҳам дод.

Ҷумазода Мутриба-волонтёр аз ноҳияи Восеъ