НАВРӮЗ - ЭҲЁГАРИ ТАБИАТ!

Восеъ: Андеша  

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои «рӯзи нав», «рӯзи нахустин» буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.Он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте сохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард.. Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд. Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Муҳаммад Бобоев-ҷонишини директории Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» дар ноҳияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ