Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом – Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Таҳсилот: олӣ, соли 2000 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) бо дипломи аъло, соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: муаррих, муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ, ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ: унвонҷӯи Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолият ва собиқа:
Солҳои 2001-2003 — Омӯзгори фанни таърихи мактаби миёнаи №53-и ноҳияи Фархор
Солҳои 2003-2009 — Котиби масъули нашрияи ноҳиявии «Гулистон»-и ноҳияи Фархор
Солҳои 2009-2011 — Мудири бахш оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкорӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор
Солҳои 2011-2018 — Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор
Солҳои 2018-2019 — Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор
Соҳои 2019-2022 — Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Аз феврали соли 2022 - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон