Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода – Муовини Раиси вилояти Хатлон

Аз 3 январи соли 2020 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 6 октябри соли 1973

Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос: филологи тоҷик, иқтисодчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008), Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст

Кор ва фаъолияти собиқа: 

Солҳои 1995-1996

Муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1999

Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 1999-2001

Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Солҳои 2001-2002

Сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ

Солҳои 2002-2003

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ

Солҳои 2003-2003

Муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон

Солҳои 2003-2006

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2013

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Солҳои  2014-2016

Мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳамзамон солҳои 2013-2016

Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Солҳои  2016-2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия

Аз январи соли 2020 то ҳол

Муовини раиси вилояти Хатлон