Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ободонии диёр назарраст аст

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бо ҷӯшу хуруш давом ёфта, дар ин ҷода саҳми шахсони саховатпеша рӯз аз рӯз назаррас гардида исодааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён барои саҳми арзандаи хешро дар ободонии диёр гузоштан дар маҳаллҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, фаъолони ҳизбро дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ҷалб намуда истодааст.

Тӯли як ҳафта инҷониб бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён таъмири капиталии  як адад пули мошингузар дар маҳаллаи Гузариболои Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав  дар партавои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" доир гардида,  пули мазкур пурра хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин кори хайр ҳамчунини соҳибқори маҳаллӣ ҷалб карда шудааст. Ҳамчунин сокинони ин маҳал иқдом гирифтаанд, ки бо 2 пули фарсударо азнавсозӣ   намоянд.