БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аксияи ҳизбии вилоятӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва сокинони деҳаи И.Аъзами ҷамоати деҳоти Фахробод бунёди 10 (даҳ) синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ноҳияи Хуросон идома дорад.