АКСИЯИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» - АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба мақсади иҷрои нақшаи Амалиёти муштарак оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар оромгоҳҳои «Хонтеппа» ва «Хоҷаҳқиқ» - и Ҷамоати деҳоти Н. Назарови ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, ҷавонону фаъолон, собиқадорон ва сокинони ҳудуди ҷамоату имомхатибон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ»  - ро роҳандозӣ намуданд, ки дар он сокинон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дохил ва атрофи оромгоҳҳои мазкурро аз хушкидаю алафҳои бегона тоза намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва тоза намудани оромгоҳҳо дар ҳамбастагӣ бо Бахши дин, танзими анъана  ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  баргузор гардида, ин амали савоб дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди  ноҳия охири  ҳар моҳ дар доираи ин амалиёт баргузор карда мешавад.