Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия самаранок гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарси сиёсӣ, ки мавзуи он ҳифзи Ватан ва ҳифзи марзу буми он – қарзи шаҳрвандист” буд, рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ноҳияи Вахш хеле самаранок гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 (дар аксҳо) ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба  баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоита ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд. 

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорону хонандагон оид ба вазъияти дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада, ҷавононро барои омодагӣ ба хизмати Ватан – Модар руҳбаланд намуданд. Дар ин рӯз аз тарафи хонандагон шеърҳои ватандӯстона қироат гардид.