МИЛЛАТИ САРҶАМЪИ ТОҶИКРО ЯГОН ХОИН НАМЕТАВОНАД ПАРОКАНДА КУНАД.

Восеъ: Вокуниш  

Миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки  оқибати ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як оилаи тоҷик зарари зиёд  расондааст.  Яке писарро, дигаре падарро ва сеюмин ёру бародарро аз даст додаанд. Доғ ва тасвирҳои даҳшати ин ҷанг то ҳол пеши назари калонсолон менамояду оҳи сард мекашанд. Хоинону душманони миллати тоҷик мехостанд ин халқу миллатро тору мор карда аз байн баранд. Бо амри Худованди бузург аз байни мардуми оддӣ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот дод, сарвари мо шуду моро роҳнамоӣ кард. Барои доғдор намудани  давлат душманони дохилие, ки бе нангу, беномусанд дар таҳти амру фармони хоҷагони хориҷӣ аз пушти нафси худ санги маломат бар сари мардуми тоҷикистон мезананд. Чунин хоинони миллат, ки худ тоҷик  ҳастанд ва нафари асолатбохта мебошанд ба онҳо сухан гуфтан ҳайф аст.

Эй  хоинони миллат  намебинед, ки халқи тоҷик дар оромию, осудагӣ зиндагӣ доранд, бо ғамхориву, дастгириҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу миллаташ ҷони худро дареғ надошта ҳамаи халқи тоҷикро сарҷамь намуданд. Бо ташаббусу ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як Ватани биҳиштосо  табдил ёфта сулҳу ороми пойдор аст.

Ба он хоинони миллат гуфтанием, ки онҳо  дин, мазҳаб, миллату Ватан надоранд ва худ инсон нестанд. Шахсе, ки сангу маломат ба миллату Ватани худ мезанад ва ба Ватану, модар хиёнат мекунад, ин аз рӯи одоби инсонӣ нест. Мо халқи меҳанпарасти Тоҷикистон бо боварии том баҳри гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва намегузорем, ки хоинони миллат ба Ватани азизамон осеб расонанд. Онҳо ҳарчи хоҳанд мегӯянд, аммо аламовараш ҳамин аст, ки бо як маблағи кӯчаки хоҷагонашон нисбати зодгоҳи хеш танқиду суханҳои носазо мегӯянд. Барои кишваре туҳмат мекунанд, ки шаҳрвандонаш озоду зиндагиашон хубу хуш аст. Ҳавои мусафои ин ватанро нафас мекашанду ҳамарӯз шукронаи ин давлатро ба ҷо меоранд.

Олимов Раҳмоналӣ, мутахассиси  бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХДТ  дар  н. Восеъ