"РОҲ БА СӮИ МАОРИФ” БЕҲТАРИН ТАШАББУСИ ҲИЗБИСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери унвони “ Роҳ ба сӯи маориф” бо иштироки Қосимова Назокат - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳасан Табаров-муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар шахсони масъул дар муассисаи таълимии №52-и ноҳия бо кумитаи падару модарони муассисаи мазкур "Соати сиёсӣ" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон барои гузаронидани амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ суҳбатҳои судманд доир намуда, иштирокчиёнро дар мусоидат ба рушди муассисаи таълимӣ ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суҳбат гузаронида шуд..

Маълум гардид, ки дар МТМУ №52,- 616 нафар хонанда дар 14 синфхона ба омӯзиш машғуланд ва муассиса ба синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз тарафи раиси КИ ҲХДТ Қосимова Н, барои дастгирӣ аз ин ташаббуси ҳизбӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ пешниҳод гардид, волидайн ва раиси комитети падару модарон ин пешниҳоди раиси КИ ҲХДТ- ро дастгирӣ намуда, ваъда доданд, ки бо пешниҳоди лоиҳаи сохтмони синфхонаҳо, сохтмонро оғоз мекунанд.