БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи  тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуд.

Дар толори муассисаи давлатии таълимии вилоятии гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик дарси соати сиёсӣ бо иштироки 140 нафар хонанда ва 7 нафар омӯзгор, аз ҷумла муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Мустафоқулов Бахтиёр, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Асомуродзода Қурбоншоҳ, сармутахассиси шуъбаи маориф Ҳамидов Орзу, мудири кабинети методии шуъбаи маориф Носиров Ҳасан, ва якчанд собиқадорони соҳаи маориф баргузор гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дар чорабинии мазкур вобаста ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади давлати Тоҷикистону Қирғизистон суҳбатҳо гузаронида шуд.