ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ «СОАТИ СИЁСӢ» ДАР ДОИРАИ НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ҲХДТ ВА СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз 24.09.2022 сол, дар доираи Нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назокат ҚОСИМОВА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва директори и ноҳия бо иштироки як қатор омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болои муассисҳои таълимии №1, №2, №6, №36, №62 ва Литсейи №1-и ноҳия “СОАТИ СИЁСӢ”-ро баргузор намуданд, ки дар амалишавии он беш аз 200 нафар шунаванда ширкат доштанд.

Баромадкунандагон оид ба мавзӯъҳои дар самти таъмини сулҳу субот, вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи ватандустӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.