Амалишавии ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҳавасманд гардонидани шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ҳар се моҳ як маротиба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони "Мактаби ман" баргузор карда мешавад.

Ин навбат дар муассисаҳои таълимии 17-33 ноҳияи Дӯстӣ, чунин ташаббус баргузор карда шуд, ки дар ин чорабинӣ хатмкунандагони собиқи муассисаҳо иштирок намуда азм карданд ки дар ободонии муассисаи маҳалли худ саҳм мегузоранд.