АЁДАТИ АВВАЛИН МУҲОФИЗОНУ ФИДОИЁНИ ХАТИ ҶАНГ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва дигар масъулин бо мақсади ҳамдардӣ баён намудан ба хонаҳои 4 оилаҳои сокини ноҳияи Кӯшониён, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ бо давлати Қирғизистон баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтаанд ташриф оварданд.

Ҳама он афсарону сарбозони тоҷике, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтанд қаҳрамонони зиндаёди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд. Ин амали ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонони далеру шӯҷои ватандӯст гардида, баҳри насли ҷавон ва ояндагон дарси шуҷоату мардонагӣ боқӣ хоҳад монд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин муноқишаҳои ноадолатонаи миллати қирғиз, ки аввалин тирро онҳо бар зидди мо тоҷикон заданд ва яроқҳои вазнини ҷангиро истифода бурданд, боиси марги даҳҳо нафарон гардидааст. Боз дар минбарҳо аз ҷумла СММ тоҷиконро гунаҳкор меҳисобанд. Ин тӯҳмати бузург дар ҳаққи миллати тоҷик мо тоҷиконро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш дида дар ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиати миллӣ ҳиссагузор бошем.

Рӯҳашон шоду хонаи охираташон ободу мунаввар бодо!