МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ДЕҲОТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19 – сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшан дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ ва "Сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ" бо ҷалби сокинони саховатманди деҳаи болозикр роҳи автомобилгарде, ки деҳаро бо шоҳроҳ пайваст мекунад, дар масофаи 2 км мумфарш карда шуд.

Ин ташаббуси аввалини сокинони сарбаланди деҳаи Бобосафол набуда, онҳо ҳамеша дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар сафи пеш буда, дар ободии як гӯшаи диёри хеш саҳмгузор мебошанд.