Усули Хона ба Хона

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маводи ғизои барои ду соли оянда шаҳрванд Файзулоев Раҳматулло истиқоматкунандаи шаҳраки Баҳманрӯд, ноҳияи Темурмалик, дар ҳавлиаш якчанд намуди машғулиятро ба худ пеша кардааст, ки ин парандапарвари, чорводорӣ, зироаткорӣ, обчакорӣ ва ниҳолпарвариро дар бар мегирад. Зимни боздид аз ҳавлии сокини деҳаи шаҳраки Баҳманрӯд гурӯҳи корӣ бо Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин мушоҳида шуд, ки дар як қисми замини наздиҳавлигиаш обчакорӣ ва ниҳолпарварӣ менамояд. Номбурда ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки аз ҳисоби обчакориҳои кардааш барои хӯроки чорво низ захираҳо меғундорад. Ҳамзамон дар хоҷагиаш ба нигоҳубини 10 сар чорвои калон низ машғул аст. Натиҷаи меҳнаташ бо аҳли хонаводаро дар беҳдошти шароити зиндагиаш медонад.