МОДАРОНИ ХУШБАХТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баъди ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида , махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятиву соҳави бонувон зиёд шуд.  Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми  зан дар ҷомеа” ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи худро дорад.

Имрӯз аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва валантиёрон аксияи ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “МОДАРОНИ ХУШБАХТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ”  дар кӯчаву маҳаллаҳо ва як зумра ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  гузаронида шуд.