ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамдастӣ  бо  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроия дар ҳудуи Ҷамоати деҳоти Хуросон   бахшида ба истиқболи ҷашни фархунда 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаро бо танинандозии савту наво ва оҳангҳои дилошуб  таҳти унвони “Истиқлол муборак ҳамватан” санаи 8 сентябри соли ҷорӣ идома доданд.

Ҳамзамон, аз тарафи волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сокинону меҳмонони ҷамоати мазкур варақаҳои табрикотию ташвиқоти оид ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.