РОҲСОЗӢ САВОБИ ҶОРИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 02-уми сентябри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии  “Бобосафоли”-и Ҷамоати деҳоти Гулшан аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ – амалии “Якҷоя месозем!” сокинони саховатманди деҳаи болозикр дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои дохили деҳаро дар ҳаҷми 205 метри3 бо сангреза, сангфарш намуда, мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик ин масофи роҳро мумфарш кунанд. Дар баргузории корҳои ободонию созандагӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад иштирок доштанд ва сокинонро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию ободкорӣ, бахусус, саҳм доштан дар корҳои ободонии маҳали зист даъват намуданд.