НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАСТРАС ГАРДОНИДА ШУД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташ маҳдуд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳармоҳ ба ду нафар маъюбони ноҳия нафақаи ҳизбӣ таъмин менамояд.

Дар ин росто санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба Фозилова Мавлуда- парастори 1 нафар имконияташ маҳдуди  гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор мебошад, нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси   ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.