АКСИЯИ ҲИЗБИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва бо ҷалби аъзою ҷонибдорони ҲХДТ дар оромгоҳи ҷамоати деҳоти “Тугарак”-и ноҳияи Восеъ, Амалиёти умумивилоятии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.

Дар баргузории аксияи мазкур зиёда аз 120 нафар мардуми деҳаи номбурда   дар тоза намудани дохил ва беруни оромгоҳ аз алафҳои бегона ва худрӯй саҳми муносиби худро гузоштанд.Қайд намудан ба маврид аст, ки аксияи мазкур аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шудааст ва охири ҳар моҳ қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия амалиёти номбурда дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда мешавад.