Баргузории Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ: Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, имрӯз дар оромгоҳи деҳаи "Бадахшон"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликул Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои Бадахшон ва Маҳрами Ҳотам, инчунин аъзоёну ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокдорон дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкида ва бегона тоза намуданд.