Ташаббуси ҳизбии " Мактаби ман" дар МТМУ №9 гузаронида шуд!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон " Мактаби ман" идома дорад.

Имрӯз дар МТМУ рақами 9-и ноҳияи Хуросон ташаббуси ҳизбии " Мактаби ман" гузаронида шуд, дар он оиди ёрии моддию амалӣ расонидан ба мактаб аз тарафи хатмкунандагони ин мактаб мавриди баррасӣ қарор гирифт ва амалӣ гардид.