СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуданд. Дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо ҷалби омӯзгорону сокинони деҳот ду синфхонаи иловагӣ бо роҳи ҳашари дастаҷамъона бовусъат сохтмон идома ёфта, дар арафаи Иди Истиқлолияти миллӣ ва саршавии соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад.