ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор истиқбол намуда, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани он омодагӣ мебинанд. Дар ин раванд дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо  ташаббус ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Хоҷагии деҳқонии ба номи “Сафар Ҷумаев” 1,5 километр роҳи  ҳудуди Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия мумфарш карда шуд.