Ҳунар беҳтарин ганҷ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳрак намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба марази тамошо гузошта шуд.  

Мақсад аз баргузории чунин намоишҳо бозҳам равнақу ривоҷ ёфтани ҳунарҳои миллии дастӣ аз қабили гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, сохтани бозичаҳои маҳин, попурӣ ва бофандагӣ миёни сокинони маҳал  мебошад.