ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН АМАЛИ ХАЙР АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ ва дастгирии маъюбону барҷомондагон яке аз амалҳои хайру савоб маҳсуб меёбад. Аз ҷониби соҳибкори саховатманд ба маъюб Кабутов Н.аробачаи маъюбиро раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Ғуломов Д. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Д. супориданд, ки боиси хушнудии ин оила гардид.

Бо чунин амалҳои нек дар ҳаққи ятимону маъюбон ва ниёзмандону барҷомондагон соҳибкорону шахсони саховатпеша пайваста кӯмакҳои моливу пулӣ мерасонанд.