МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №20-И НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДА АСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба хамаи мову Шумо маълум аст, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, дар мадди назари Ҳукумату мамлакат қарор дорад. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат масъулини муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ҳамарӯза бахшида ба соли нави хониш омодагиҳо дида, корро дар ин самт ҷоннок карда истодаанд.

Масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Сулҳободи Ҷамоати деҳоти Тугарак корҳои таъмири муассисаро ба охир расонида барои соли хониши соли 2022-2023 пурра омода намуданд. Акнун хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои тозаву озода, зебову замонавӣ соли нави таҳсилро оғоз намоянд.