ОМОДАГИИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ ВА ВОЛИДОН БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат “Саноатикунонии кишвар” ва давраи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2022-2023 дар ноҳияи Фархор корхонаи хурди саноатии “Самои К” духти либосҳои мактабиро барои духтарону писарон ба роҳ монда, бо сифати хуб ва нархҳои дастрасу арзон пешкаши сокинони ноҳия намуд.

Инчунин, Асотсиатсияҳои падару модарон дар ҳамдастӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои фарзандону хонандагон либосҳои мактабиро дастрас менамоянд.