ТАШАБУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ роҳандозӣ гардида, сохтмони бунгоҳи тиббӣ барои сокинони деҳа  бо маром идома дорад.

Метавон зикр намуд, ки бино аз 4 утоқи корӣ иборат буда, бо ҷалби фаъолон, аъзои ҲХДТ ва сокинони деҳа аввали моҳи августи соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, то охири соли ҳамин сол анҷом хоҳад ёфт ва мавриди истифодаи сокинон қарор хоҳад гирифт.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” аз рафти корҳо дар ин бунгоҳ шинос шуда, оид ба сифати хуби  кор ба сохтмончиён маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.

Бунгоҳи мазкур баҳри хизматрасонӣ барои беш аз 1500 нафар аҳолии деҳа пешбинӣ гардида, дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода мешавад.