ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати деҳоти Кангурт” – и ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва роҳбари Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Кангурт Ширмои Маҳмасаид вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Ҳизбӣ дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.