Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати Навзамин.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳафтае қабл Раиси ноҳияи  Дӯстӣ муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ,  дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Навзамин суҳбату вохурӣ гузарониданд.

Зимни суҳбат аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз раиси ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои мустаҳкам кардани соҳили дарёи Вахш ба онҳо мусоидат намояд.
Инак субҳи имрӯз бо дастгирии раиси ноҳияи Дӯстӣ ва бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Ибодуллозода Асадулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз бо истифода аз техникаҳои соҳавии мелиоративӣ, экскватор, булдозер ва нақлиёти боркаш корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Навзамин оғоз карда шуд.
Баъди мустаҳкам намудани соҳили рости дарёи Вахш, дар фасли баҳору тирамоҳ дигар оби дарё ба заминҳои хоҷагидорон зарар намерасонад, ки ин барои баланд гардонидани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Дар ин иқдом саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии Навзамин ва МНДРА-и ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас мебошад.