ЗАХИРАИ МАВОДИ ОЗУҚА - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун имрӯзҳо бо сокинону заҳматкашони ноҳия суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор намуда, зимни вохӯрӣ ба ҳар як хоҷагидори ноҳия маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда мешавад.

Ин навбат чунин вохӯрӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун- вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод бо  сокинони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир баргузор гардида, аён гардид, ки меҳнаткашони деҳаи номбурда имрӯзҳо ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода намуда, аз он ду-се ҳосил ба даст меоваранд. Ҳамзамон, барои танқисӣ накашидан ва таъмини оилаи хеш дар фасли сармо анбори худро аз маводҳои хӯрока ба монанди гандум, лӯбиёгиҳо ва консеваҳо пур намудаанд.