СОХТМОНИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ БА ОИЛАИ МАЪЮБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода -раиси ноҳияи Фархор ба як нафар маъюби гурӯҳи дуюм дар Ҷамоати деҳоти  Хуросон манзили истиқоматӣ бунёд гардид.  Корҳои сотхмонӣ бо ҷалби фаъолони ҳизб ва сокинони маҳаллӣ бо маром оғоз гардида,  босифати хуб анҷом ёфта, боми бино пӯушонида шуда, дару тирезаҳо насб карда шуданд.

Ба маъюби гурӯҳи дуюм Раззоқова Султонбӣ зимни вохӯрӣ иброз  кард, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамвора дастгирӣ менамояд. 

Дар ин росто дар доираи татбиқи бахши иҷтимоии Барномаи ҲХДТ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ин оилаи маъюб нафақаи маъюбӣ ба миқдори 500-сомонӣ ҳар моҳ пардохт карда мешавад.