ЗАХИРА БАРОИ ДУ СОЛИ ОЯНДА

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз заминҳои корами кишоварзони Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дидан намуда, ба истифодабарандагони заминҳо тавсия доданд, ки нигоҳубини зироатҳоро хуб ба роҳ монда, ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳангоми суҳбат ва боздид аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия маълум гардид, ки сокинон дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк карда, аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода намудаанд ва барои ду соли оянда маводи кофии ғизоиро низ захира кардаанд.