ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳалқаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд гардонем”.

Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо саҳмгузории падарону модарон, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ ва омӯзгорони муассисаи мазкур дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” корҳои таъмиру азнавсозӣ дар синфхонаҳои муассиса рафта истодааст. Мақсад аз таъмиру азнавсозии синфхонаҳо ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон мебошад.