МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2022-2023 ОМОДАГӢ ДИДА ИСТОДААНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар ноҳияи Кӯшониён аз рафти таъмир ва омодагиҳои Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5  барои солҳои соли нави хониш дидан намуданд.
Зимни боздид, директори муассиса Хуршеди Зоиршо қайд намуд, ки МТМУ №5 аз соли 1958 дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаи С.Айнӣ сохта ба истифода дода шуда, масоҳати 3.2 га заминро дар бар мегирад. Дар муассиса 60 нафар омӯзгор ба 1100 хонанда дар 30 адад синфхона таълим медиҳанд. То ин ҷониб 28 синфхона ба масоҳати1344 м² таъмир гардида, дар нақша роҳравҳои дохили муассиса ва беруни бинои муассиса то нимаи аввали моҳи август пурра таъмир карда мешаванд.
Масъулин, вобаста ба бо сифат таъмир намудани бино ва тайёрии ҷиддӣ дидан ба соли нави хониш маслиҳатҳои муфид доданд.