Ташаббусҳо дастгирӣ меёбанд

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 27 маркази Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо хатмкунандагони солҳои 1982-1983 баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса, шахсони саховатпеша барои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни суҳбат дастпарварони муассисаи мазкур ҳамзамон, бо ҳолати имрӯзаи бинои муассиса шинос шуда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо ва қисми берунии бинои мактаб саҳмгузорӣ хоҳанд кард.