БУНЁДИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ ДАР МАҲАЛ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара миёни сокинони маҳаллу деҳот ва саховатмандону соҳибкорон ҷиҳати азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ (ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯй) бо усули дренажӣ барои муассисаҳои таълимию маданӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, боғу гулгаштҳо, шоҳроҳҳо ва ғайра мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, аз рафти иншоотҳои сохташуда дар доираи ин ташаббуси ҳизбӣ дар ҷойҳои зикргардида аз наздик дидан намуданд.

#ҲХДТ #Хатлон #Данғара #иншоотигигиенӣ